Шукурҷон Зуҳуров ва Аскар Таҷибоев масъалаҳои ҳамкории шарикию стратегиро баррасӣ намуданд

Октябрь 2, 2019 11:24

ДУШАНБЕ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Таҷибоев баррасӣ гардиданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дипломати қазоқро ба муносибати ба ин мақом таъйин гардиданаш табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки бо таъйини вай ба ин вазифа дар таърихи муносиботи Душанбе ва Нурсултон саҳифаҳои тоза боз хоҳанд шуд.

-Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Вай фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳарду мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот таъқид гардид, ки аз оғоз ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи олӣ қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.

Дар ин замина боздидҳои Сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ гардидаанд.

Алҳол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро зиёда аз 70 санад ташкил медиҳанд. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштараки тоҷикистонию қазоқӣ фаъолияти судманд ва пурсамар доранд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти хосса аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии мавқеҳои ҳарду давлат дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шакли ҳамкории зич ифода мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки самти ҳамкории фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфта, он ҳамаҷониба мавриди дастгирии мардуми ба ҳам дӯсти ҳарду давлат мебошад.

Ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Қазоқистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, дар ин асос муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю кӯшиши ҳамкории дутарафа тараққӣ ва инкишоф ёфта истодааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Дар мулоқот Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода иштирок намуд.

 

Октябрь 2, 2019 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд

Маводҳои таҳлилӣ