Шукурҷон Зуҳуров ва Вячеслав Володин масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд

Октябрь 19, 2019 13:12

ДУШАНБЕ, 19.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин муҳокима шуд.

Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва доираи васеи масъалаҳое, ки дар назди парлумонҳои ду ҷониб қарор доранд, тасдиқ мекунанд.

«Давоми 27 соли барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ давлатҳои мо тавонистанд низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегии дуҷонибаро дар асоси шаффофият, эътимод ва ҳамкории баробар бунёд кунанд», — афзуд мавсуф.

Зикр шуд, ки миёни ҳарду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудаанд. «Ин ҳамкорӣ асосан аз принсипҳо ва уҳдадориҳои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Россияву Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба сарчашма мегиранд», — гуфта шуд дар мулоқот.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ, афзудани муколамаи сиёсӣ ва густариши  ҳамгироӣ дар масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ баён доштанд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки «мо  ҷонибдори таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла тавассути ташкили муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо забони таълимии русӣ ҳастем».

Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон бо дахли он, ки Тоҷикистону Россия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич доранд, хоҳони густариши ин робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу санъат, тандурустӣ, варзиш ва саӣёҳӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин инчунин ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот анҷом дод.

Зимнан, гуфтанист, ки субҳи имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Россия  аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» низ дидан менамояд.

Октябрь 19, 2019 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд