СУБОТУ ОРОМӢ – ГАРАВИ РУШДИ БЕМАЙЛОН. Дар шаҳри Хоруғ мулоқоти Раиси КДАМ Саймумин Ятимов бо фаъолони вилоят баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов, ки бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад, бо фаъолон, ҷавонон, халифаҳо, собиқадорони меҳнати шаҳри Хоруғ, намояндагони мардум аз ноҳияҳои Роштқалъаю Шуғнон сурат гирифт. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Дар мулоқот муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои қудратию интизомӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ҳузур доштанд.
Мулоқотро Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оғоз бахшид ва зикр намуд, ки имрӯз дар вилоят суботу оромӣ таъмин буда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнати суботкорона баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Ба қавли Раиси вилоят, дар мустақар намудани оромию осоиш ва шароити муносиб барои рушди вилоят саҳми мақомоти қудратии мамлакат, ҷавонон, халифаҳо, раисони маҳаллаҳо ва собиқадорон хеле калон аст.
Раиси КДАМ С. Ятимов зимни суханронии худ изҳори хушнудӣ намуд, ки авзои вилоят дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта хеле мӯътадил гаштааст. Дар робита бо қабл аз мӯҳлат – дар давоми се рўз иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Саймумин Ятимов арзи сипоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин ва дар шахси онҳо ба тамоми мардуми ВМКБ расонид.
Дар идома Саймумин Ятимов тадбирҳои андешидаи роҳбарияти мамлакатро ҷиҳати ободонӣ ва рушди вилоят зикр намуда, ҳамзамон дар иртибот ба чорабиниҳои амниятӣ ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар кишвар, аз ҷумла, ВМКБ сухан гуфт. Мавсуф аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид ба амал овард, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натиҷаи бисёр хуб ба бор меорад. Ӯ ба мардуми Бадахшон барои саҳми арзандаашон дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кард.
Дар мулоқот намояндагони ҷавонон, собиқадорон, чомеаи шаҳрванди пуштибонии худро аз сиёсати созандаи Сарвари муаззами давлат баён карда, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои ғамхориҳои пайваста ташаккури самимӣ баён доштанд.
Дар фарҷом Раиси вилоят мулоқотро ҷамъбаст ва барои ширкати фаъолона ба иштирокдорони он изҳори сипос намуд.








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






