СУС соли 2020-ро Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон намуд. Ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва хуб пазируфта мешаванд

Октябрь 15, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (СУС) соли 2020-ро Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон намуд. Дар пайравӣ ба ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2020 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб намуда истодааст.

«Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Пешвои миллатро вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои соҳа аввалиндараҷа ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд», — илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 16 сентябри соли 2019 дар шаҳрҳои Санкт- Петербург ва Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 23-юми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷаласаи коршиносони соҳаи сайёҳии узви ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Дар Қатъномаи ҷаласаи 23-юми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бо мақсади муаррифии фарҳангҳои асил, ҳунарҳои маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумии кишварҳои узви СУС мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои соли 2020-Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон карда шуд.
Дар Қатъномаи мазкур ҳамчунин аз ҳамаи 159 кишвари аъзои комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ тақозо карда мешавад, ки Рӯзи ҷаҳонии сайёҳиро дар кишварҳояшон бо мақсади дастгирии сайёҳӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсул, инчунин ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор ботантана ҷашн гиранд.

Қобили зикр аст, ки Муншии умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 чунин изҳор намуда буд: «Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон сабаб мегардад, миннатдорам.

Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро тавассути шабакаҳои иҷтимоии худ дар  “Facebook”, “Twitter”, “Instagramm”, “lincdin” ва дар веб-саҳифаи СУС дар Аврупо паҳн намуд. Мутмаинам, ки соли 2018 қобилиятҳои ҳунармандони Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод ва дар маҷмӯъ, дар бахши сайёҳӣ натиҷаҳои бузург ба бор хоҳад овард».

Тибқи Қатъномаи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар робита ба эълон доштани соли 2020 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот дар пайравӣ ба иқдомҳои Пешвои муаззами миллат дар тамоми кишварҳои узви Созмон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо ва чорабиниҳои зиёди сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба мавзӯи рушди сайёҳӣ ва деҳот гузаронида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ андӯхта, барои татбиқи ҳадафҳои эълоннамудаи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода хоҳад кард.

Имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар деҳот ва маконҳои дурдасти мамлакат инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ, рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид