Тантанаи Меҳргон дар Бохтар: аз намоиши техникаи муосири кишоварзӣ то муаррифии 60 намуди таомҳои миллӣ

Октябрь 14, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр  дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Иди Меҳргон бо гузаронидани  фестивал,  намоиши маҳсулоти техникаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ  пуршукӯҳ таҷлил гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки бонувони ҳунарманди шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯшониён, Левакант, Норак, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Хуросон, Ёвон, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ манзур намуда буданд, дидан карданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби Сарраёсати кишоварзӣ, Бозрасии назорати давлатии техникаҳои кишоварзӣ, филиали корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар вилоят ва марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои вилоят техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Инчунин намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи кишоварзон, растаи намунаҳои мухталифи таомҳои миллӣ, ки дар доираи фестивали «Таомҳои миллӣ» ва маҳсулоти нонии бонувон ба даври вилоятии озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» пешниҳод шуда буданд, манзур гардиданд.

Кадбонувони Хатлонзамин беш аз 60 намуди ғизоҳои лазизу хушнамуди миллӣ, хосса таомҳоеро, ки бештар дар Хатлонзамин таҳия карда мешаванд, муаррифӣ намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «иди касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ ва «Меҳргон», ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ умри дубора пайдо намудааст, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад».

Зикр шуд, ки Меҳргон ҳамчун иди миллии мамлакат шинохта шуда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Бояд гуфт, ки тайи нуҳ моҳ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии минтақаи Бохтар ба 6 миллиарду 590 миллион сомонӣ расид, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 569,6  миллион сомониро ташкил медиҳад.  Соҳаи пахтакорӣ низ дар баробари дигар соҳаҳо афзалиятнок буда, рушди босуботи он дар пешрафти соҳаи саноат саҳми асосӣ мебозад. Соли равон дар майдони 92457 гектар кишти чигит гузаронида шуда, то ин давра 155,5 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардид, ки иҷрои дурнаморо 74,2 фоиз таъмин намуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60,5 ҳазор тонна зиёд буда, то ин давра ба корхонаҳои коркард 130,3 ҳазор тонна пахта супорида шуд.

Раиси вилоят пешравии кишоварзони ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Бохтар, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхиро дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ қобили  таҳсину офарин хонд.

Барои иштирокдорони ин фестивал-намоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба беш аз 40 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Инчунин аз рӯи номинатсия дар фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи 1 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, Дипломи дараҷаи 2 ба ноҳияи Ҷайҳун, дипломи дараҷаи 3 ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мукофоти пулӣ супорида шуданд.

Барои ғолибони даври вилоятии фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ҷойи аввал ба шаҳри Бохтар, ҷойи дуввум ба  ноҳияи Кӯшониён ва ҷойи сеюм ноҳияи Қубодиён гариданд

Барномаи пурмуҳтавои ҳунарии аҳли санъати вилоят ба таҷлили Иди Меҳргон шукӯҳу азамат бахшида, хотири тамошогаронро болида сохт.

Октябрь 14, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ