Тантанаи Меҳргон дар Бохтар: аз намоиши техникаи муосири кишоварзӣ то муаррифии 60 намуди таомҳои миллӣ
ДУШАНБЕ, 14.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Иди Меҳргон бо гузаронидани фестивал, намоиши маҳсулоти техникаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки бонувони ҳунарманди шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯшониён, Левакант, Норак, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Хуросон, Ёвон, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ манзур намуда буданд, дидан карданд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби Сарраёсати кишоварзӣ, Бозрасии назорати давлатии техникаҳои кишоварзӣ, филиали корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар вилоят ва марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои вилоят техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Инчунин намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи кишоварзон, растаи намунаҳои мухталифи таомҳои миллӣ, ки дар доираи фестивали «Таомҳои миллӣ» ва маҳсулоти нонии бонувон ба даври вилоятии озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» пешниҳод шуда буданд, манзур гардиданд.
Кадбонувони Хатлонзамин беш аз 60 намуди ғизоҳои лазизу хушнамуди миллӣ, хосса таомҳоеро, ки бештар дар Хатлонзамин таҳия карда мешаванд, муаррифӣ намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «иди касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ ва «Меҳргон», ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ умри дубора пайдо намудааст, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад».
Зикр шуд, ки Меҳргон ҳамчун иди миллии мамлакат шинохта шуда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Бояд гуфт, ки тайи нуҳ моҳ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии минтақаи Бохтар ба 6 миллиарду 590 миллион сомонӣ расид, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 569,6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Соҳаи пахтакорӣ низ дар баробари дигар соҳаҳо афзалиятнок буда, рушди босуботи он дар пешрафти соҳаи саноат саҳми асосӣ мебозад. Соли равон дар майдони 92457 гектар кишти чигит гузаронида шуда, то ин давра 155,5 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардид, ки иҷрои дурнаморо 74,2 фоиз таъмин намуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60,5 ҳазор тонна зиёд буда, то ин давра ба корхонаҳои коркард 130,3 ҳазор тонна пахта супорида шуд.
Раиси вилоят пешравии кишоварзони ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Бохтар, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхиро дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ қобили таҳсину офарин хонд.
Барои иштирокдорони ин фестивал-намоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба беш аз 40 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.
Инчунин аз рӯи номинатсия дар фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи 1 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, Дипломи дараҷаи 2 ба ноҳияи Ҷайҳун, дипломи дараҷаи 3 ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мукофоти пулӣ супорида шуданд.
Барои ғолибони даври вилоятии фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ҷойи аввал ба шаҳри Бохтар, ҷойи дуввум ба ноҳияи Кӯшониён ва ҷойи сеюм ноҳияи Қубодиён гариданд
Барномаи пурмуҳтавои ҳунарии аҳли санъати вилоят ба таҷлили Иди Меҳргон шукӯҳу азамат бахшида, хотири тамошогаронро болида сохт.








Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Ботканд густариш меёбад
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 17 миллиард сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ ба имзо расид
Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд






