Варзишгарони ҷавони тоҷик аз Ҷоми Осиё бо шаш медал ба Ватан баргаштанд

Октябрь 10, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони  шинохтаи  тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон, ки   дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон дар Чолпон-Ота беш аз 250 нафар варзишгар аз ҳашт кишвар — Тоҷикистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Непал ширкат карданд. Онҳо барои 32 маҷмӯи медалҳо миёни наврасону навҷавонон мубориза бурданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафар (10 писар, 1 духтар) дохил буд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати навҷавонон 2 медали тилло, як медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гирифтанд.

Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то  60 кило миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то  63 кило миёни духтарон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Меҳрзод дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абдулло Саъдуллоев аз Ӯзбекистон ғолиб омад. Шоҳида дар даври ниҳоӣ бар Фарангиз Ҳоҷиева аз Ӯзбекистон дастболо шуд.

Як медали нуқра ба Раҷабалӣ Муҳаммадиев марбут аст. Ӯ дар вазни то  90 кило ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Анорбек Ишонбоеви қирғиз мағлуб гашта, дар натиҷа мақоми дуюмро касб намуд. Се варзишгари дигари тоҷик — Сулаймони Ҷамшед ва Шаҳбоз Сайидаброров дар рақобатҳо дар вазни то  60 кило ва Сайфулло Неъматзода дар вазни то  100 кило миёни писарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи навҷавонон гӯштингирони Қирғизистон 17 медал, аз ҷумла 5 нишони тилло ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Қазоқистон 4 медали тилло, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду медали тилло ва дастаҳои мунтахаби Россия ва Ӯзбекистон яктоӣ медали тилло гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Осиё оид ба дзюдо  миёни навҷавонон дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон

Писарон

— 60 кг

  1. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
    2. Абдулло Саъдуллоев (Ӯзбекистон)
    3. Ҷамшед Сулаймонӣ ва Шаҳбоз Сайидаброров (ҳарду аз Тоҷикистон)

— 66 кг

  1. Ислом Токтассин (Қазоқистон)
    2. Артур Апишов (Қирғизистон)
    3. Баҳромҷон Машрапов (Ӯзбекистон) ва Байбол Саламат уулу (Қирғизистон)

— 73 кг

  1. Жанассил Ануаров (Қазоқистон)
    2. Азамат Қумисбоев (Қазоқистон)
    3. Айбар Мукишев (Қазоқистон) ва Тулқин Очилов (Узбекистон)

— 81 кг

  1. Аян Байгазӣ (Қазоқистон)
    2. Абдулазиз Абдулазизов (Ӯзбекистон)
    3. Куаниш Ратаев (Қазоқистон) ва Амантур Жумали уулу (Қирғизистон)

— 90 кг

  1. Анорбек Ишонбоев (Қирғизистон)
    2. Раҷабалӣ Муҳаммадиев (Тоҷикистон)
    3. Сардорбек Ҳасанов (Ӯзбекистон)

— 100 кг

  1. Тилек Абибеков (Қирғизистон)
    2. Алманбет Мамазоиров (Қирғизистон)
    3. Сайфулло Неъматзода (Тоҷикистон)

+100 кг

  1. Сиймик Жапаров (Қирғизистон)
    2. Озод Оринбоев (Узбекистон)
    3. Достон Сарбатов (Қирғизистон)

Духтарон

— 48 кг

  1. Кухунур Бону Икромова (Ӯзбекистон)
    2. Замира Турсуналиева (Ӯзбекистон)
    3. Айсулу Мусоқулова (Қирғизистон)

— 52 кг

  1. Мирзайим Дуйшонбекова (Қирғизистон)
    2. Алиман Маликова (Қирғизистон)
    3. Сауле Алмазова (Қирғизистон)

— 57 кг

  1. Зарина Сарипова (Қазоқистон)
    2. Нозгул Дамирова (Қирғизистон)
    3. Диана Хан (Қирғизистон)

— 63 кг

  1. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
    2. Фарангиз Ҳоҷиева (Ӯзбекистон)
    3. Ажар Исоева (Қирғизистон)

— 70 кг

  1. Людмила Налётова (Россия)
    2. Айчурок Молдокматова (Қирғизистон)

+ 78 кг

  1. Шоҳида Нармуҳамедова (Қирғизистон)
    2. Уланай Солиева (Қирғизистон)
Октябрь 10, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими олимпии Филиппин бозӣ менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ бар Непал оғоз кард
«CAFA Nations Cup 2025». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон бозӣ мекунад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЭКВОНДО. Ин навъи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон рушди бештар меёбад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобӣ нахустин бозӣ доир менамояд
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт
«CAFA NATIONS CUP 2025». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ менамояд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Форси Эрон дар бахши ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид
Дар Ҳисор мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» дар гурӯҳи «В» оғоз мешавад
Ҳайати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо Академияи Кумитаи миллии олимпии Эрон шинос шуд
Барномаи иҷроии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи варзиш ва ҷавонон ба имзо расид
Бо иштироки ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир гардид