Захираи 1795 тонна ангишт, 1730 метри мукааб ҳезум ва 3450 литр сўзишвории дизелӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ. Соҳаҳои буҷавӣ ба зимистон омода мешаванд
РӮДАКӢ, 25.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» аз ҳисоби буҷаи соли 2019 барои хариди ангиштсанг ва дигар маводи сўхт 2 миллиону 313 ҳазору 987 сомонӣ маблағ ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 513 ҳазору 987 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон то имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1795 тонна ангишт, 1730 метри мукааб ҳезум ва 3450 литр сўзишвории дизелӣ харидорӣ гардидааст. Муассисаҳо бо 105 генератори барқӣ, 751 гармкунакҳои барқӣ, 2313 печҳои олавӣ таъмин гардидаанд. Муассисаҳои тандурустии ноҳия бо 32 генератори барқӣ, 168 печи олавӣ, 20 тонна ангишт, 6 метри мукааб ҳезум ва 100 литр сўзишвории дизелӣ таъмин гардидаанд.
Захираи маводи зидди лағжиш ва омода намудани техникаю механизмҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. То имрӯз мутахассисони ин муассиса барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон мувофиқи нақша 2400 метри кубӣ омехтаи қуму намак, 15 тонна ангишт, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 15 метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Дар айни замон 17 адад техника дар ҳолати корӣ қарор доранд, ки ин ҳама ба 100 фоизи нақша баробар аст.
Тозагии маркази ноҳия аз маҳсули заҳмати кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ кормандони муассиса бо 40 ҷуфт либосҳои махсуси зимистона ва пойафзолу дастпӯшак таъмин гардиданд. Барои тоза намудани маркази ноҳия аз партовҳо 8 адад техникаҳои гуногун дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Шабакаҳои барқи ноҳия дар мувозинати худ 34 зеристгоҳи барқӣ дошта, дар ҳудуди ноҳия 2218 трансформаторҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Соли 2019 дар ноҳия 42 адад трансформаторҳои нав насб карда шудаанд.
Барои хуб гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон аз тарафи мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ 65 адад ҷудокунаки барқӣ иваз гардида, 15 адад зерпояи оҳану бетонии симчӯбҳо гузошта шуданд. Инчунин 18 адад симчӯбҳои корношоям ва зиёда аз 600 адад трансформаторҳо таъмири ҷорӣ гардиданд.
Ҳамчунин барои таъмини барқи хушсифат ба аҳолӣ айни замон мутахассисони шабакаҳои барқи Рӯдакӣ ба буридани шохҳои дарахтон, рост намудани симчӯбҳои каҷшуда, кашидани ноқилҳои сустшуда, иваз намудани кабел, ҷудокунакҳо ва корҳои профилактикӣ дар трансформаторҳо машғуланд.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






