80% НАВРАСОНИ ҶАҲОН ҲАЁТИ ҒАЙРИФАЪОЛ ДОРАНД. Фаъолияти ҷисмонӣ барои беҳтар кардани саломатии насли наврас аҳамияти муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз панҷ навраси аз 11 то 17- сола- чаҳортояш тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро риоя намекунанд: дар як рӯз ҳадди ақал 60 дақиқаро ба машқҳои ҷисмонӣ бояд сарф кард. Ҳар гуна бозиҳо, варзиш, рақс, велосипедронӣ ва ҳатто роҳ гаштан ҳам чун машқи ҷисмонӣ қабул мешаванд. Дар ин бора дар гузориши нави Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омадааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Муаллифони гузориш хотиррасон мекунанд, ки фаъолияти ҷисмонӣ барои саломатии наврасон хеле муҳим аст. Он вазъи системаи нафаскашӣ, дилу раг, мушак ва устухонҳоро солим нигоҳ дошта, ҳамзамон ба нигоҳ доштани вазни мувофиқи наврасон низ мусоидат менамояд. Инчунин вазъи равонии духтарону писарон дар ин ҳолат беҳтар мешавад .
Бо вуҷуди ин, бисёре аз кӯдакони муосир танбалӣ мекунанд. Интихоби онҳо тарзи ҳайти ғайрифаъол мебошад. Ин наврасон бештари вақти худро на дар майдон ё толори варзишӣ, балки дар интернет сарф менамоянд. Имрӯз дар маҷмӯъ, тақрибан 80 фоизи духтарону писарони то 17-сола дар як рӯз камтар аз 60 дақиқа фаъолияти ҷисмонӣ доранд.
«Мо дарёфтем, ки байни солҳои 2001 ва 2016 дар ҳаёти наврасони ин синн ҳеҷ гуна беҳбудӣ ба чашм нарасидааст …Ҳоло сухан танҳо аз сарфи як соати машқи ҷисмонӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ дар ҳаёти рӯзмарраи онҳо меравад»,- гуфт яке аз муаллифони гузориши ТУТ Линн Райли.
Вай афзуд, ки ин соатро аз рӯи хоҳиш метавон ба давраҳои кӯтоҳ ҷудо кард — 5 дақиқа барои ҷаҳидан, 10 дақиқа барои рақс, бо велосипед ба мактаб рафтан ё дар танаффуси мактаб тӯббозӣ намудан. Линн Райли таъкид кард, ки ҳатто чунин кӯшиши кӯчак ҳам ба саломатӣ манфиати зиёд меорад.
Мувофиқи гузориши нави ТУТ, дар ҷаҳон писарбачаҳое, ки умуман машқи бадан надоранд, аз Филиппинанд. Дар ин кишвар 93 дарсади наврасон дар як рӯз камтар аз як соат бо машқи ҷисмонӣ машғуланд. Духтарони аз ҷиҳати ҷисмонӣ рушднаёфта дар Кореяи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд, ки 97 фоизи онҳо тарзи зиндагии ғайрифаъол доранд. Дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна духтарон назар ба писарон камтар ба фаъолияти ҷисмонӣ рағбат доранд.
ТУТ ҳушдор додааст, ки набудани машқҳои ҷисмонӣ наврасонро ба касалии фарбеҳӣ, инчунин намудҳои дигари бемориҳои музмин, аз ҷумла дилу раг, диабет ва саратони сина гирифтор менамояд.
Коршиносони ТУТ зикр мекунанд, ки варзиш дар солимии рӯҳии кӯдакон нақши бориз дошта, ҳамзамон барои аз худ намудани таълим дар мактаб кумак менамояд. Онҳо аз волидон даъват мекунанд, ки ба фарзандонашон аз хурдсолӣ тарзи ҳаёти солим омӯзанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






