Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии тарки тамоку бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии даст кашидан аз тамоку таҷлил мегардад. Соли равон ин сана ба 21 ноябр рост омад.
Агар ба пайдоиши ин ид назар афканем, он соли 1977 аз ҷониби Ҷамъияти саратоншиносони Америка ташкил карда шудааст. Даст кашидан аз тамоку ва ё маҳдуд намудани истеъмоли он яке масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба нигаронӣ овардаанд.
Тибқи иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти аҳолӣ ба шумор меравад. Мутобиқи маълумоти ин ташкилот, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин масъала таваҷҷуҳи махус зоҳир намуда, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар ин самт ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омадаанд.
Тамокукашӣ одат аст, орзую ҳавас ва ё беморӣ? Истифодаи маҳсулоти тамоку ба занҳои ҳомила, бахусус тифли дар батни онҳо буда чӣ пайомад дорад? Оё метавон тамокуро модари бемориҳо номид?
Мутахасcиси соҳа ба ин ва дигар саволҳои вобаста ба ин мавзӯъ дар барномаи “Дармон” ба шумо маълумот медиҳад.
Ин барномаро имрӯз, 21 ноябр, соати 09:30 (асл) ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 метавонед аз Радиои «Ховар» дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода бишнавед.