Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад.
Роҳбари Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шӯрои мазкур тариқи онлайн баргузор шуда, дар он иштироки роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия, намояндагони ҷамъиятҳо аз Қазоқистон ва Қирғизистон дар назар аст.
Мақсад аз баргузории Шӯро- ин тақвияти кори Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», ташаккули кори маҳфил, баррасии дастоварду музаффариятҳои маҳфил дар соли 2019, натиҷагирӣ аз Анҷумани V маҳфил, ки аз 12 то 16 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва омодагӣ ба Шӯрои умумироссиягии маҳфил, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир мегардад, мебошад.
Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфтааст. Ҳоло маҳфили мазкур дар 16 давлати дунё намояндагии худро дорад. Шумораи аъзои маҳфиле, ки дар хориҷ аз мамлакат таҳсил доранд, беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Маҳфили мазкур дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат дар баррасии мушкилоту пешрафти донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷ аз ҷумҳурӣ таҳсил доранд, тариқи онлайн (мустақим) дар Шӯрои маҳфил иштирок намуда, аз мушкилот ва дастовардҳои донишҷӯёни тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ сухан мекунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






