Дар Хатлон бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти мададгори мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ мулоқот доир намуданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳифзи якпорчагии меҳан ва нигоҳдошти оромиву осудагии мамлакат аз ҷавонмардиву далерӣ ва шуҷоати афсарону сарбозони Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста буда, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҷавонмардии ҳар як сокини мамлакат аст.
Зимни ҳамоиш барои хизмати содиқонаву софдилона ва ҳимояи арзишҳои миллию давлатдорӣ ба 50 нафар сарбозону афсарони кисмҳои низомӣ Сипосномаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода тақдим карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ба қисмҳои низомӣ лавозимоти варзишӣ тақдим гардид.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






