Дар ноҳияи Ҳамадонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 64 миллион сомонӣ баробар шуд

Ноябрь 20, 2019 13:55

ДУШАНБЕ, 20.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба 64,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 10,5 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд

Ҳамчунин зикр гардид, ки феълан дар ноҳияи Ҳамадонӣ 51 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки соли равон 11 адади он фаъолият накарда, ба буҷет 2,2 миллион сомонӣ ворид нагардид.

Гуфта шуд, ки дар баробари таъмин гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ камбудиҳо низ ҷой доранд.  Аз ҷумла, ба таври зарурӣ истифода набурдани заминҳои кишоварзӣ, сари вақт нагузаронидани кишти тирамоҳӣ яке аз мушкилоти дигари кишоварзони ноҳия мебошад.

Масъулони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд. Дар сурати пурра фаъолият кардани корхонаҳои саноатӣ сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш ёфта, рушди иқтисодиёт беҳтар мегардад.

Ноябрь 20, 2019 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд