Дар ноҳияи Ҳамадонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 64 миллион сомонӣ баробар шуд

Ноябрь 20, 2019 13:55

ДУШАНБЕ, 20.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба 64,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 10,5 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. 

Ҳамчунин зикр гардид, ки феълан дар ноҳияи Ҳамадонӣ 51 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки соли равон 11 адади он фаъолият накарда, ба буҷет 2,2 миллион сомонӣ ворид нагардид.

Гуфта шуд, ки дар баробари таъмин гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ камбудиҳо низ ҷой доранд.  Аз ҷумла, ба таври зарурӣ истифода набурдани заминҳои кишоварзӣ, сари вақт нагузаронидани кишти тирамоҳӣ яке аз мушкилоти дигари кишоварзони ноҳия мебошад.

Масъулони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд. Дар сурати пурра фаъолият кардани корхонаҳои саноатӣ сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш ёфта, рушди иқтисодиёт беҳтар мегардад.

Ноябрь 20, 2019 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд