Дар ноҳияи Тоҷикобод маркази касбомӯзӣ барои бонувон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Ноябрь 4, 2019 16:55

ТОҶИКОБОД, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки   раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода, намояндаи Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишимура Эрико, фаъолзанони касбу кори гуногун ва  намояндагони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ бинои замонавии маркази касбомӯзӣ мавриди истифода  қарор гирифт.  Бинои мазкур дар доираи ҳамкории  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Япония ба маблағи 818 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии ин кишвари дӯст бунёд гардид. Корҳои сохтмонии иншооти мазкурро ҶДММ «Сохтмони махсус» бо сифати баланд ба анҷом расонид.

Муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод  Маҳмадтоир Назирзода изҳор дошт, ки маркази касбомӯзӣ  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, он дорои  утоқҳои  ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, толорҳои сарулибоси арӯсӣ, кошонаи ҳусн, утоқҳои муоинаи узвҳои дарунӣ, дандонпизишкӣ ва хонаи машварати ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамчунин дар он ҷо 40 нафар духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.

Намояндаи Сафорати Япония Нишимура Эрико изҳор намуд, ки «Япония  аз соли 1996 то инҷониб ҳамчун кумакҳои бебозгашт  дар қаламрави Тоҷикистон 401 лоиҳаро дар тӯли 23 сол бо маблағи умумии 32 миллион доллари амрикоӣ амалӣ намудааст. Бунёди бинои касбомӯзӣ дар доираи лоиҳаҳои мазкур баҳри беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва рушди минтақаҳои  мамлакат роҳандозӣ шудааст.  Бинои мазкур барои омӯзиши касбу ҳунар ва машваратгоҳи ҳуқуқии бонувони ноҳия сохта шуда, мо умедворем салоҳияти бонувони ноҳияи Тоҷикободро такмил медиҳад».

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии занону духтарони деҳот ва рушди ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи ҷашни Конститутсияи мамлакат  мебошад.

 

Ноябрь 4, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид