Дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 22 ноябр дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» доир мегардад. Он дирӯз кори худро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ намуд.
Дар кори ҳамоиш Сафири Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода ва намояндагони муассисаҳои таълимии Амрико дар Тоҷикистон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Намоишгоҳро Сафири Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «баргузории «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» барои омӯзиши забонҳо, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ миёни фарҳангҳо ва мамлакатҳо нақши муҳим мебозад. Таҳсилот дар хориҷа беҳтарин имконият ва манфиатовартарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад».
Инчунин дар ҳамоиш намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои омӯзишӣ гӯшаи фаҳмондадиҳиро барои донишҷӯён фаъол намуданд. Аз қабили Маркази машварати таҳсилотӣ (Education USA), Маркази амрикоӣ (American Spaces), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази фарҳангии Бохтар, ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт», Илмхона, Институти «Ҷамъити Кушода»- Бунёди Мадад ва Дафтари миллии Эразмус+ иштирок намуданд. Ҳар яке аз ин муассисаҳо оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуданд.
Тавре сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода иброз намуд, «ин иқдом ҳамасола дар мамлакат баргузор мегардад. «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» бо мақсади шиносоӣ пайдо намудани довталабон ва ҷавонони тоҷик бо низоми таълим дар ИМА ва тартиби ғолиб омадан ба он бурсияҳое, ки департаменти давлатии ИМА ҷудо мекунад, гузаронида мешавад. Ба донишҷӯёни ғолиб даъватнома ё бурсия дода мешавад. Қариб 80 фоизи таълимгирандагони тоҷик дар ИМА бо чунин тарз таҳсил мекунанд».
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан зиёда аз 200 нафар шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мубодилавӣ ва низоми бакалавр дар донишгоҳҳои гуногуни ИМА ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
«Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» як имконияти хубест барои таҳсил ва такмили дониш дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон. Ин ташаббуси муштараки мамлакатҳо барои он равона карда шудааст, ки ҷавонон аз пешравиҳои дигар кишварҳо омӯзанду аз он истифода намоянд.
Бино ба гуфти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, айни замон 30 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи мамлакат таҳсили илм доранд. Зиёда аз 90 фоизи онҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд. Интиқоли донишҷӯён аз хориҷи мамлакат ба дохил ва аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо танҳо ба зиммаи Вазорати маориф ва илм вогузор шудааст.
Ба гуфтаи мутасаддиён, донишҷӯёне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои давлатҳои дигар фиристода мешаванд, бо шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи баробар доранд.








Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд






