Дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» оғоз гардид

Ноябрь 19, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 22 ноябр дар шаҳри Душанбе  «Ҳафтаи  таҳсили байналмилалӣ» доир мегардад. Он дирӯз кори худро  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ намуд.

Дар кори ҳамоиш Сафири Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода ва намояндагони муассисаҳои таълимии Амрико дар Тоҷикистон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Намоишгоҳро Сафири Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «баргузории «Ҳафтаи  таҳсили байналмилалӣ» барои омӯзиши забонҳо, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ миёни фарҳангҳо ва мамлакатҳо  нақши муҳим мебозад. Таҳсилот дар хориҷа беҳтарин имконият ва манфиатовартарин  рӯйдод дар ҳаёти ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад».

Инчунин дар ҳамоиш намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои омӯзишӣ гӯшаи фаҳмондадиҳиро барои донишҷӯён фаъол намуданд. Аз қабили Маркази машварати таҳсилотӣ  (Education USA), Маркази амрикоӣ (American Spaces), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази фарҳангии Бохтар, ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт», Илмхона, Институти «Ҷамъити Кушода»- Бунёди Мадад ва Дафтари миллии Эразмус+ иштирок намуданд. Ҳар яке аз ин муассисаҳо оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод  намуданд.

Тавре сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода иброз намуд, «ин иқдом ҳамасола дар мамлакат баргузор мегардад. «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» бо мақсади шиносоӣ пайдо намудани довталабон ва ҷавонони  тоҷик бо низоми таълим дар ИМА ва  тартиби ғолиб омадан ба он бурсияҳое, ки департаменти давлатии ИМА ҷудо мекунад, гузаронида мешавад. Ба донишҷӯёни ғолиб даъватнома ё бурсия дода мешавад. Қариб 80 фоизи таълимгирандагони тоҷик дар ИМА бо чунин тарз таҳсил мекунанд».

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан зиёда аз 200 нафар шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мубодилавӣ ва низоми бакалавр дар донишгоҳҳои гуногуни ИМА ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

«Ҳафтаи  таҳсили байналмилалӣ» як имконияти хубест барои таҳсил ва такмили дониш дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон. Ин ташаббуси муштараки мамлакатҳо барои он равона карда шудааст, ки ҷавонон аз пешравиҳои дигар кишварҳо омӯзанду аз он истифода намоянд.

Бино ба гуфти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, айни замон 30 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи мамлакат таҳсили илм доранд. Зиёда аз 90 фоизи онҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд. Интиқоли донишҷӯён аз хориҷи мамлакат ба дохил ва аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо танҳо ба зиммаи Вазорати маориф ва илм вогузор шудааст.

Ба гуфтаи мутасаддиён,  донишҷӯёне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои давлатҳои дигар фиристода мешаванд, бо шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи баробар доранд.

Ноябрь 19, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад