Дар шаҳри Кӯлоб ҷавонон аз рӯи 30 ихтисос ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб мегарданд

Ноябрь 21, 2019 09:02

КӮЛОБ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ фаъолият намуда, ҷиҳати омода намудани касбҳои ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, новобаста аз синн 30 ихтисос, аз ҷумла, дӯзандагӣ, кафшергари барқӣ, қуроқдӯз, челонгар, таъмири автомобил, ороишгари мӯй, муҳосибӣ, компютерӣ ва дигар касбҳоро ба ҷавонон меомӯзад». 

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати соҳибкасб гардидани шаҳрвандони шаҳру минтақаи Кӯлоб фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Тавре директори муассиса Бурихон Тағоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, «филиали Маркази мазкур  аз соли 2008 фаъолият намуда, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддии онҳо хеле рушд ёфт. Аз моҳи июни соли равон сар карда, Марказ бо Ташкилоти фонди байналмилалӣ ҳамкории зич ба роҳ монд. Дар натиҷа 10 нафар духтарон ва 12 нафар писарон аз оилаҳои камбизоат дар курсҳои омӯзиши 3-моҳаи дӯзандагӣ ва 2-моҳаи барномаи компютерӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд».

Тибқи маълумоти дастрасгардида, соли равон курсҳои кӯтоҳмудати Маркази таълими калонсолони шаҳри Кӯлобро беш аз 930 нафар ҷавонону духтарон аз рӯи ихтисосҳои гуногун хатм намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷавононе, ки марказро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд.

Гуфта шуд, ки дар ин давра беш аз 600 нафар ҷавонони шаҳру минтақаи Кӯлоб тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои коргарӣ омӯхтанд.

Б. Тағоев дар идома изҳор дошт, ки бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба ҳунарҳои мардумӣ дар марказҳои таълими калонсолони шаҳру минтақаи Кӯлоб  аз рӯи касбҳои оҳангарӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ ва қуроқдӯзӣ омӯзиш ҷараён дорад.

Марказ дорои 8 синфхонаи таълимӣ ва 3 устохона буда, дар он 11 нафар омӯзгорон ба ҷавонписарону ҷавондухтарон касб меомӯзонанд.

Ноябрь 21, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд