Дар шаҳри Турсунзода барои давраи зимистон 852 тонна ангишт ва 753 метри кубӣ ҳезум захира намудаанд

Ноябрь 8, 2019 10:39

ТУРСУНЗОДА, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, баҳри амалигардонии он тамоми имкониятҳоро сафарбар намудаанд.

Тибқи иттилои масъулин, дар шаҳри Турсунзода 24 сардхонаи доимӣ бо ғунҷоиши 5860 тонна маҳсулот мавҷуд аст,  ки  баҳри таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза фаъолият менамоянд.

Ҳамчунин барои қонеъ гардонидани талаботи мардум бо маводи сӯхт 28 адад нуқтаи фурӯши ангишт, аз ҷумла 10 нуқтаи фурӯши ангишти сайёд ва 32 нуқтаи фурӯши гази моеъ бо тартиби шабонарӯзӣ кор карда истодаанд.

То имрӯз дар   муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, таълимӣ ва хонаҳои куҳансолону маъюбон 29,9 тонна орд, 5,75 тонна равған, 8,3 тонна биринҷ,  9 тонна шакар,  2030 қуттӣ консерваҳо, 67 тонна картошка, 52,4 тонна пиёз, 13 тонна сабзӣ,  3,7 тонна мева, 18,1 тонна дигар намуди маҳсулот, 852 тонна ангишт, 753 метри кубӣ ҳезум, 12,924 тонна сӯзишвории дизелӣ ва бензин захира шудааст. Ҳамзамон 35 адад генератор ва 8 адад буғхонаҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта,  956 гармкунаки барқӣ ва 1360 адад печҳо айни замон истифода шуда истодаанд.

Доир ба ҷараёни маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷиҳати омодагӣ барои фаъолият дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар соҳаи маориф 338 ҳазору 639 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то ин муддат 100 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Ноябрь 8, 2019 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид