Дар Тифлис табодули таҷриба дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ матраҳ шуд

Ноябрь 14, 2019 13:15

ДУШАНБЕ, 14.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон Форуми байниминтақавӣ оид ба мубодилаи  таҷриба дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ ва навсозии мақомоти гумрук ва ҷаласаи фосилавии Кумитаи ҳамкории гумрукии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар кори он намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали  Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Азим Турсунзода иштирок намуданд.

Форуми мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардида, дар он дар радифи намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Чин, Афғонистон, Покистон, инчунин мушовирони Бонки Осиёи Рушд ширкат намуданд.

Зимни Форум масъалаҳои марбут ба содагардонии расмиёти гумрукӣ ва навсозии мақомоти гумрук бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешқадам оид ба маҷмӯи содагардонии расмиёти гумрукӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки дар ин самт бояд табодули таҷриба ба роҳ монда шуда, он тақвият ёбад.

Ноябрь 14, 2019 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад