Дар Тошканд мулоқоти сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Сарварони панҷ давлати минтақа дурнамои ҳамкории минтақавиро муҳокима менамоянд

Ноябрь 29, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон Саммити дуюми маҷлиси  ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар қароргоҳи давлатии Кук Сарой таҳти раисии Президент Шавкат Мирзиёев роҳбарони панҷ давлати ҳамсоя, яъне Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дурнамои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, коммуникатсия,  башардӯстию фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ кунанд, бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чунин саммит бори аввал моҳи марти соли гузашта дар Остона (Нур-Султони ҳозира) таҳти раисии собиқ Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор шуда, тибқи натиҷаҳои он зикр  гардид, ки “Тошканд тавонист дар як фосилаи кӯтоҳ бисёр мушкилоти ҷамъшударо дар 20 соли охир ҳал кунад, самараи иқтисодии чунин  кӯшишҳо буд, ки  афзоиши гардиши моли Ӯзбекистон бо шариконаш  дар Осиёи Марказӣ  аз 20  фоиз бештар гардид”.

Форуми ғайрирасмии саммит, ки дар доираи он санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул нагардидаанд, имкон дод бори аввал мушкилоти мубрами минтақа  ошкоро дар сатҳи баланд   муҳокима   гарданд.

Қабл аз саммити кунунии Тошканд мулоқоти роҳбарони  вазоратҳои корҳои хориҷии панҷ ҷумҳурӣ  15  ноябр дар Ӯзбекистон  баргузор гардида буд. «Вазифаи мо иборат аз омода кардани санадҳо ба саммити қарибулвуқӯъ  мебошад, ки  он 29 ноябр дар назар аст. Бовар дорам, ки вохӯрии мо дар рӯҳияи анъанавии ҳамдигарфҳамӣ ва ҳамсоягии  нек мегузарад»,  гуфт  вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов   ҳангоми ифтитоҳи машварат ва ҳамзамон таъкид намуд, ки иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин дурнамои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории минтақавиро баррасӣ менамоянд ва  оид ба рӯзномаи маҷлис мубодилаи афкор мекунанд.

 Афзалиятҳои саммит

Коршиносон бар ин боваранд, ки афзалияти рӯзномаи ин нишаст баррасии стратегияи нақлиётӣ ва логистикии минтақа ва масъалаҳои тиҷорати дохилӣ хоҳад буд. Ин гувоҳӣ  он аст, ки роҳбари Ӯзбекистон дар нишасти  Қазоқистон зимни  суханронии худ борҳо таъкид кардааст, ки афзалият барои кишварҳои минтақа бояд  татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ бошад, ки  он Осиёи Марказиро бо бузургтарин бандарҳои баҳрӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ мепайвандад.

Ба гуфтаи Мирзиёев, иқтидори нақлиётӣ ва транзитии минтақа бо мавқеи  муҳими  худ  дар маркази Роҳи бузурги абрешим, ки таърихан пуле  байни Шарқу Ғарб, Шимол ва Ҷануб буд, муайян карда мешавад. Бесабаб нест, ки  Президенти Ӯзбекистон пас аз ҳамоиши соли гузашта дар Остона ба баргузории конфронси сатҳи баланд дар бораи долонҳои нақлиётӣ дар Тошканд иқдом гирифт.

Дар назар аст, ки пас аз нишаст, иштирокчиён  барои амиқсозии ҳамгироии минтақавӣ як қатор тасмимҳои шифоҳӣ қабул мекунанд. «Агар дар ин ҳамоиш нашавад, дар  ҷамъомади  навбатӣ масъала оид ба иҷозати ҳамгироии минтақавӣ гузошта мешавад.  Барои ин мо ба  гурӯҳҳое доимие  ниёз дорем, ки барои ҳалли  қарорҳо омода бошанд. Масалан, гурӯҳи обу энергетика, нақлиёт, сарҳад ”- гуфт Бахтиёр Эргашев, коршиноси шинохтаи Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон.

Ноябрь 29, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид