Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия Созишнома ба имзо расид

Ноябрь 22, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Германия Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия ба имзо расониданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия доктор Андреас Протманнро бо вазифаи пурмасъули сафирӣ муборакбод намуда, аз имкони дидору мулоқот ва баимзорасонии Созишнома изҳори хушнудӣ кард.

Тибқи иттилои манбаъ, Созишнома бо мақсади дар қаламрави Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои дорои моҳияти иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳия гардидааст. Ҳаҷми маблағи дар доираи Созишномаи мазкур ҷудошуда 4,0 млн. евроро ташкил дода, он барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани шуғл ва даромаднокии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» равона карда мешавад.

Мақсади лоиҳаи мазкур- ин беҳтар намудани қобилият ва баланд бардоштани даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои омӯзонидани онҳо бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва тахассусноккунӣ дар минтақаҳои интихобшуда мебошад.

Оғози татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани шуғл ва даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон» пас аз ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 амалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати амали он 3 сол (2020-2022) дар назар дошта шудааст.

 

 

Ноябрь 22, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд