Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо дар Чин сазовори медали нуқра гардид

Ноябрь 11, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Таэквондочии ҷавони тоҷик Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон ва калонсолон («2019 The Belt and Road China Open International Taekwondo Championships — World Taekwondo — G-1»)  аз 7 то 9 ноябр  дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид.

Дар мусобиқа беш аз 500 нафар варзишгар аз 20 давлати қораҳои Осиё ва Африқо ширкат карданд.
Аз ҷумҳурии Тоҷикистон  4 нафар варзишгарон–Ширинмоҳ Миршакарзода, Моҳру Ҳалимова, Хуррам Меҳтаршоев ва Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов ба Чин сафарбар гардиданд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа Муҳаммадҳасан дар вазни-73кг миёни ҷавонон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

Ёдовар мешавем, ки  ин 5-умин  медали Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли равон мебошад. Ӯ аз Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Урдун медали биринҷӣ, мусобиқаҳои байналмилалии «Namangon Open» (Ӯзбекистон) ва «Chuncheon Korea Open G-2» (Ҷумҳурии Корея) медали тилло ва аз мусобиқа ба хотираи Суйлиш Батир дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Ноябрь 11, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд