Ноҳияи Темурмалик дар 10 моҳ нақшаи андозро 104 фоиз таъмин кард
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 моҳи соли равон иҷрои нақшаи андоз дар ноҳияи Темурмалик 104 фоизро ташкил дода, дар ин давра ба буҷет 13 миллиону 104 ҳазору 959 сомонӣ маблағи андоз ворид гардидааст.
Дар ин бора аз мақомоти андози ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр гардид, ки ба ҷойи 12 миллиону 523 ҳазору 952 сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷети давлатӣ 13 миллиону 104 ҳазору 959 сомонӣ ворид гардидааст.
Дар ноҳияи Темурмалик бақияпулиҳои қарзи андоз низ вуҷуд доранд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, ба ҳолати 1 январи соли 2019 бақияпулиҳо дар ин ноҳия 8 миллиону 971 ҳазору 800 сомониро ташкил медод, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ 320 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Кормандони андози ноҳия дар ин давра тавонистанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2018) 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қарзи андозро кам намоянд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бештари қарздорон аз андоз дар ноҳияи Темурмалик соҳибмулкони кооперативҳои тиҷоратӣ буда, нисбат ба пардохти маблағи андоз беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
Дар ҳамин давра аз тарафи кормандони андози ноҳия 83 қарор ба маблағи 3 миллиону 467 ҳазору 400 сомонӣ қабул гардидааст, ки аз он 2 миллиону 383 ҳазору 300 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.
Феълан дар ноҳияи Темурмалик 372 нафар соҳибкорон тибқи патент, 100 нафар соҳибкорон тибқи шаҳодатнома ва 735 хоҷагии деҳқонии фаъолияткунанда дар қайди нозироти андози ноҳия мебошанд.








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






