Роҳбари ЮНИСЕФ ба ҳифзи кӯдакон дар мактабҳо даъват кард
ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазифаи мо дар назди кӯдакон- ин таъмини амнияти онҳо дар мактабҳо мебошад. Дар ин бора роҳбари ЮНИСЕФ Генриетта Фор дар робита ба ду фоҷеаи рухдода дар шаҳри Благовешенски Россия ва иёлоти Калифорнияи ИМА изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.
«Рӯзи панҷшанбе дар натиҷаи тирандозӣ дар як мактаби шаҳри Благовешенск, воқеъ дар шарқи Россия, ду хонандаи ин мактаб ҳалок шуданд», — ёдовар шуд Фор. – Баъди чанд соат ду хонанда дар як мактаби иёлоти Калифорнияи Амрико кушта шуданд».
Роҳбари ЮНИСЕФ дар робита ба марги кӯдакон изҳори нигаронӣ кард. «Ба оилаҳо ва наздикони қурбониён тасаллияти амиқ изҳор медорам», — омадааст дар изҳороти ӯ. — Мо барои шахсони фавтида андӯҳнокем ва аз вазъи маҷрӯҳону рӯҳан зарардидагон дар ташвишем. Мактаб- ин ҷоест, ки дар он ҷо умед ба бор меояд, дар он одамон хушбинанд ва аз ҳаёт танҳо чизҳои хубро интизоранд. Мактаб набояд ҷои зӯроварӣ ва куштор бошад».
Ба гуфтаи ӯ, вазифаи калонсолон- ин таъмини амнияти кӯдакон аст. Ӯ ёдовар шуд, ки соли гузашта ЮНИСЕФ дар байни ҷавонони 160 давлат назарсанҷӣ гузаронид ва яке аз талаботи посухдиҳандагон- ин қабул кардани қонунҳо дар бораи маҳдуд кардани интиқоли силоҳ ба мактабҳо- ҳам силоҳи оташфишон ва ҳам сард буд.
Роҳбари Бунёди кӯдакони СММ таъкид кард, ки амният дар мактабҳо калиди ояндаи осоишта барои сайёра аст. «Кӯдакон аз ҳукуматҳо хоҳиш доранд, ки чораҷӯӣ намоянд», — гуфт Фор. «Вақти амал кардан расид».
ДАР АКС: вазифаи калонсолон- ин таъмини амнияти кӯдакон дар мактабҳо мебошад, хотиррасон мекунанд ЮНИСЕФ. БРСММ








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






