«Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол» нашр шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2019 ботантана таҷлил мегарад, бо ибтикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дастаҷамъона таҳти унвони «Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол» нашр гардид. Китоби «Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар корхонаи воҳиди давлатии нашриётии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ «Қонуният» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зери таҳрири умумии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи II Рустам Шоҳмурод чоп гардидааст.
Ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ — Абдуманнон Холиқзода, Мақсуд Низомӣ, Исфандиёр Собирзода, Абӯбакр Иномов, Таҳмина Илҳомзода ва Хуршед Камолзода мураттибони китоби «Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол» мебошанд.
Китоб аз ду боб- «Конститутсия: ташаккул ва марҳилаҳои такмили он» ва «Заминаҳои сиёсӣ–ҳуқуқии таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат буда, дар он тамоми санадҳои меёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, суханронӣ, маърӯза ва изҳороти сиёсии Сарвари давлат, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабарҳои расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳияи лоиҳаи матни Конститутсия, муҳокима ва қабули он тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, инчунин се ислоҳоти конститутсионӣ гирд оварда шудаанд.
Китоб ба ҳуқуқшиносон, муаррихону муҳаққиқон, сиёсатшиносону коршиносон, аспирантон, донишҷӯёни бахши ҳуқуқшиносӣ, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






