ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, чоршанбе, 310-умин рӯзи соли 2019 аст

Ноябрь 6, 2019 08:00

6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

5 сол пеш, 6 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 интихоботи навбатии президентӣ баргузор гардид.

6 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Тотористон – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

6 ноябри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон  бори дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.

***

6  ноябри соли 1946 дар Британияи Кабир Хадамоти давлатии тандурустӣ таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1970 Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Италия муносибати дипломатӣ барқарор кардааст.

***

30 сол пеш аз ин, 6 ноябри соли 1988 6 ҳазор компютери вазорати мудофиаи ИМА- ро вирус пахш намуда буд.

 ***

6 ноябри соли 1988 дар Чин заминҷунбии шадиди 7,6-балла ба амал омад, ки дар натиҷаи он қариб 1000 нафар ҳалок шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

 Соли 1869 дар Ню-Ҷерси (ИМА) аввалин мусобиқаи футболи америкоиҳо баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Ноябрь 6, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, панҷшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, чоршанбе, 262-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, сешанбе, 261-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, душанбе, 260-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, якшанбе, 259-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 258-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, ҷумъа, 257-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, панҷшанбе, 256-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, чоршанбе, 255-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст