«Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи замин аст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Бӯстон
ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Мактаби президентии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таҳти унвони «Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи замин аст!» конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Дар конфронси мазкур Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, хизматчиёни давлатӣ, устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, соҳибкорон, ҳунармандон ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
«Қабули Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ниҳоди давлатӣ-Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар тадбирҳо далели онанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд»,- гуфт номбурда.
Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода аз дастгириҳои давлатии соҳа ёдовар шуда, иброз дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд. Сол аз сол таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд шуда, соли гузашта 1 миллиону 155 ҳазор ва дар нуҳ моҳи соли равон 950 ҳазор сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Муовини ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Замониддин Насриддинов доир ба омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ва бахусус кадрҳои соҳаи туризми экологӣ ва кӯҳнавардӣ сухан гуфт. Номбурда инчунин оид ба пешрафти соҳа ба масъулин пешниҳодоти хешро манзур намуд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо изҳори қаноатмандӣ таъкид дошт, ки фаъолон ва сокинони шаҳри Бӯстон барои бештар фароҳам намудани шароит ва фазои мусоиди қабули меҳмонон аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






