Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд

Ноябрь 22, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии энергетика,  энергияи нав ва таҷдидпазири Ҳиндустон Раҷ  Кумар Сингҳ 20 ноябр мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳарии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду давлат дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иштирок дар баҳрабардорӣ аз имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва рушди баъдии соҳаи саноат тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи неруи таҷдидпазир, хусусан неругоҳҳои хуршедӣ, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо мавҷуд будани зарфиятҳои бузургро дар самтҳои баррасигардида зикр намуда, алоқамандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ дар ин замина иброз намуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 22, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд