То охири соли равон истихроҷи ангишт ба 2,0 млн тонна расонида мешавад

Ноябрь 21, 2019 12:11

ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» таъминоти ангишт ба тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ идома  дорад. Мувофиқи  маълумоти оморӣ, дар даҳ моҳи соли 2019 истихроҷи ангишт ба 1 млн 735,5 ҳазор тонна (111,9% иҷрои нақша) расонида шуд, ки нисбат ба даҳ моҳи соли 2018, 184.2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра фурӯши ангишт 1 млн 696,8 ҳазор тонна, аз ҷумла, ба аҳолӣ  124. ҳазор тонна,  ба МБГ-2 ш. Душанбе 944,8 ҳазор тонна, ба корхонаҳои саноатӣ 542.1 ҳазор тонна, ба муассисаҳои буҷавӣ 18,6 ҳазор тонна фурӯхта шуда, содироти ангишт 13,7 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Содироти ангишт аз тарафи «Комбинати металлургии Тоҷик» ва «Талко Ресурс» ба Ҷумҳурии Покистон 10383 ҳазор тонна ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2,9 ҳазор тонна амалӣ карда шудааст.

Бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», ҶДММ «Дион ангишти Тоҷикистон», Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик», ҶДММ «Қудрат-2010» ва       КФ «Зиддӣ» тадбирҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 41,7 млн сомонӣ 47 техникаҳои карйерӣ ва таҷҳизот барои бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ намудани ангишт  харидорӣ карда шудааст.

Дар соли 2019 таъминоти «МБГ Душанбе-2» бо ангишт -1100,0 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, ки ин аз ҷониби КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» ба миқдори 480,0 ҳазор тонна, «Талко Ресурс» 330,0 ҳазор тонна ва «Комбинати металургии тоҷик» 290 ҳазор тонна бояд амалӣ карда шавад.

Дар даҳ моҳи соли равон 947,8  ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти  «МБГ Душанбе -2» интиқол дода шудааст, ки 96%-и нақшаро дар бар мегирад. Таъминот аз тарафи  КФ Шахтаи Фон-Яғноб” 472.7 ҳазор тонна, ҶДММ «Талко Ресурс» 250 ҳазор тонна ва ҶДММ «Комбинати металургии тоҷик» 225,1 ҳазор тонна амалӣ карда шудааст. Корхонаҳои соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки нақшаи таъминоти ангишт барои эхтиёҷоти «МБГДушанбе-2»-ро пурра иҷро намоянд.

Ангиштканони тоҷик тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон истихроҷи ангиштро ба 2,0 млн тонна расонанд.

Ноябрь 21, 2019 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд