Усмон Тошев: «Имкон дорем дар дидори дӯстона ҳайати асосиро барои бозии марҳилаи интихобӣ ба муқобили Мянма муайян намоем»
ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Усмон Тошев дар нишасти хабарии пеш аз бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон фикру ақидаҳои хешро баён кард. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Усмон Тошев гуфт: «Аввалан миннатдории худ ва шогирдонамро барои истиқболи гарму самимӣ ба мардуми Малайзия мерасонам. Гарчанде ки ин бозии дӯстона аст, мо бояд бар зидди рақиб хуб омода шуда, бозии зебо нишон диҳем. Мо имкон дорем, ки дар ин дидори дӯстона ҳайати асосиро барои бозии марҳилаи интихобӣ бар муқобили Мянма, ки 14 ноябр баргузор мешавад, муайян кунем. Дар ин бозии дӯстона мо бачаҳоро имтиҳон мекунем, ки дар ин фурсат ба бозиҳои оянда чӣ тавр омода шудаанд. Мо ҳама медонем, ки дастаи мунтахаби Малайзия яке аз дастаҳои пурқуввати қора ба ҳисоб меравад. Боварӣ дорам, ки фардо моро бозии пуршиддат ва суръатнок интизор аст».
Дар идомаи нишасти матбуотии пеш аз бозии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон бозингари шинохтаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров гуфт, ки «айни замон дар даста ҳолати хуб ба чашм расида, якдигарфаҳмӣ дар сатҳӣ олӣ қарор дорад. Фардо моро бозии хуб интизор аст. Мо ба ин бозӣ хеле хуб омода шудаем ва умед аст, ки фардо моро бозии ҷолиб ва тактикӣ интизор аст. Мо ҳоло имкон дорем, ки пеш аз бозии рафиқона тамрини ниҳоии хешро баргузор кунем. Кӯшиш мекунем, ки бар муқобили Малайзия бозии зебо нишон диҳем. Мо ин ҷо танҳо барои пирӯзӣ омадаем».
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳо бо дастаҳои мунтахаби Малайзия, Мянмар ва Қирғизистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Россия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳарсе аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 ноябр тавассути Дубай ба Куала-Лумпур барои баргузор кардани бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Малайзия парвоз кард. Ин бозӣ 9 ноябр, соати 17:45 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил шурӯъ мешавад.
Пас аз бозии дӯстона бо Малайзия дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Куала-Лумпур ба Мандалай сафар менамояд. Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон 14 ноябр дар Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Баъдан дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаи мунтахаби Қирғизистон озими шаҳри Бишкек мешавад. Ин бозӣ 19 ноябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов шурӯъ мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст.
Дастаи мунтахаби Япония ба ҷуз аз дастаи Тоҷикистон, дар ду бозии дигар дастаи мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва дастаи мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст.
Ба ин тартиб, футболбозони Япония, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «F» мақоми аввалро касб намудаанд, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи сеюми мусобиқот мебошанд.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Футболбозони Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудаанд.
Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат доранд. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Чемпионати ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ
Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи «F»
Даври 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:30 бо вақти Душанбе
Мянмар – Тоҷикистон
Мандалай, варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium»
Даври 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе
Қирғизистон – Тоҷикистон
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов








ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон бо дастаи занонаи Узбекистон бозиро мусовӣ кард
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»






