«ТУЛӮИ ОФТОБИ ЗИЁБАХШ». Чунин арзёбӣ намудаанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зиндагиномаи яке аз фарзандони барӯманди халқи тоҷик Шириншо Шотемурро, ки имрӯз ба зодрӯзи ӯ 120 сол пур мешавад
ДУШАНБЕ, 01.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи яке аз муборизони ҷонфидо ва поягузорони давлати миллии тоҷикон, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур 120 сол пур мешавад. Ба ин муносибат АМИТ «Ховар» аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам