ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: бо бунёди мактаб, 6 майдончаи варзишӣ ва шабакаҳои обрасонӣ симои шаҳри Хоруғ тағйир меёбад

Декабрь 13, 2019 11:12

ХОРУҒ, 13.12 2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  муаррифии лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ»  баргузор гардид. Барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур дар баробари Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин шарикони рушд, ба мисли Бунёди тоҷикистонии Оғохон, Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Иттиҳоди Аврупо саҳм мегузоранд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев, “ҳадафи лоиҳа-ин бунёд намудани инфрасохтори иҷтимоӣ, дастрасии осони сокинони шаҳр ба хизматрасониҳои мухталифи иҷтимоию маишӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар доираи ин лоиҳа бунёди муассисаи муосири таълимӣ дар кӯчаи ба номи Саидамир Абдураҳмонов,  сохтмони 6 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, таъмини сокинони маҳаллаи Бизмич бо оби ошомиданӣ, мустаҳкам намудани соҳили рӯдхонаи Ғунд, ки ҳамасола дар мавсими обхезӣ ба хоҷагиҳо зарари ҷиддӣ мерасонад, ба назар гирифта шудааст”.

Сардори Раёсати иқтисод ва савдои вилоят гуфт, ки маблағи лоиҳа зиёда аз 18 миллион сомониро ташкил дода, дар зарфи яку ним сол бояд мавриди амал қарор гирад. Бо дигаргун гаштани инфрасохтори шаҳр симои он низ тағйир меёбад, вазъи экологӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад, шароити таҳсили садҳо кӯдакону наврасон беҳтар мегардад, мавзеъҳои хатарзо коҳиш меёбанд ва илова бар ин, ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори мавсимӣ мегарданд.

Декабрь 13, 2019 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад