ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо Маркази саломатӣ бунёд ва 2 км роҳи маҳаллӣ мумфарш гардид

Декабрь 10, 2019 14:14

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо иштироки  Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва сокинони ҷамоат  дар фазои идона Маркази саломатии деҳаи Батош ба истифода дода шуд.   Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии оилаи Сайфуллоевҳо сохта шуд. Бинои мазкур аз таҳхона, 2 ошёна ва 24 ҳуҷраи тиббӣ иборат буда, барои расонидани хизмати тиббии рӯзона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, 27 нафар кормандони соҳаи тандурустиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.

Илова ба ин дар деҳа аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо 2 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, бо маблағи беш аз 2 млн сомонӣ корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода гуфт,  ки “дар баробари дигар мардуми мамлакат сокинони ватандӯсти шаҳри Турсунзода дар ободонии Ватан ва иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ман бо истифода аз фурсати муносиб ба оилаи Сайфуллоевҳо аз номи Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуда, боварӣ дорам, ки минбаъд низ дар ободонии ватани азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд”.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода кормандони маркази саломатии деҳаро бо ифтитоҳи чунин иншооти муосир табрик намуда, даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи саломатии сокинон содиқона хизмат намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази мазкур як таҷҳизоти муосири ултрасадо ва барои 10 маъюб аробачаи маъюбӣ ҷудо намудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси  марказ мешавад.

Соҳибкор Фирӯз Сайфуллоев зикр намуд, ки ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ ояндаи наздик ба маркази саломатии Батош боз як нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим менамоянд.

Декабрь 10, 2019 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд