ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. ИРБаХТ ба саноатикунонии мамлакат тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) ба рушди соҳаи саноати сабук, хусусан корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, барои муттаҳид намудани ташкилоту коргоҳҳои ин самти афзалиятнок тадбирҳои мушаххас меандешад.
Ин дар ҳолест, ки 26 декабр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.
Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.
Дар ин робита директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Норматова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки густариши ҳамкории соҳаи саноати сабук бо корхонаҳои истеҳсолӣ, шарикони рушд ва мақомоти давлатии марбута аз масъалаҳое мебошанд, ки давоми сол мавриди баррасии ИРБаХТ қарор гирифтанд.
Соли сипаригашта дар самти саноатикунонии мамлакат байни ИРБаХТ ва Маркази умумиҷаҳонии Савдо- ITC Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ин иқдом барои дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ имконияти бештар муҳайё намуда, сабаби таъсис додани департамент оид ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ гардид.
ИРБаХТ бо ассотсиатсияву ташкилотҳои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, бо Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Қирғизистон «Легпром”, Маркази Байналмилалии Савдои Женева, Ассотсиатсияи «Узтекстилпром»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии корхонаҳои нассоҷӣ ва саноати сабуки Федератсияи Россия, Ассотсиатсияи миллии «АРТРМА»-и Покистон ва дигар кишварҳо.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар самти тақвият бахшидан ба муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ намояндаҳои ИРБаХТ ба гурӯҳҳои кории байниидоравӣ (ГКБ) оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ шомил карда шуданд. Аз ҷумла, дар гурӯҳҳои кории байниидоравии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз, назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба содагардонии расмиёти савдо, назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба монитори санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ, назди КВД ММ Аккредитатсияи стандартҳои соҳаи сохтмон ва дигар ниҳодҳо.
Ҳамзамон ИРБаХТ дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ, котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шарикони рушд барои мутахассисони корхонаҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар мавзӯи «Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот» дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳамоиш ташкил намуд.
Ғайр аз ин, ИРБаХТ доир ба масъалаи омодасозии мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон суҳбату мулоқот доир намуд, ки дар онҳо намояндагони корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Мақсад аз баргузор намудани ҳамоишҳои мазкур — ин боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва рушд додани корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон мебошад.








Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






