Баргузории ҳамоиш таҳти унвони: «Ҳадафҳои рушди устувор-4 дар барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок»
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мусоидат барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон /ТҶ «АЗИТ»/ дар якҷоягӣ бо панҷ ташкилоти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳадафҳои рушди устувор -4 дар барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок» ҳамоиш доир намуд.
Тавре Раиси Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон Ҷамшед Қуддусов иброз намуд, бо мақсади мусоидат барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ» дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, Фонди дастгирии таҳсилоти касбӣ ва таълим, ташкилотҳои ҷамъиятии «Иштирок» ва «Микроинвест» дар ҳафт шаҳру ноҳияҳои мақсаднок тадқиқот гузарониданд.
Мақсади тадқиқот таҳлил ва омӯзиши барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок вобаста ба Стратегияи миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор-4 (таҳсилоти босифат) мебошад.
Дар ҳамоиш фаъолияти гурӯҳи ташаббускор, таҳлили барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок дар доираи Ҳадафи рушди устувор-4 ва механизми татбиқи он, фаъолияти гурӯҳи ташаббускор барои солҳои 2020-2021 ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлативу ғайриҳукуматӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин дар доираи он натиҷаи тадқиқот муаррифӣ гардид.
Зикр шуд, ки механизмҳои ҳадафи рақами 4, ки ба васеъ намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифати касб, таҳсилоти босифат барои ҳама дар тӯли ҳаёт бахшида шудааст, бояд дар баробари сатҳи миллӣ инчунин дар сатҳи маҳаллӣ низ татбиқ шаванд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат ва таъмини рушди устувор Стратегияи миллии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 таҳия гардид.
Стратегияи миллии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки моҳи сентябри соли 2015 дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ тасдиқ шудааст, ба назар мегирад.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид






