Баррасии таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар муассисаҳои тандурустӣ
ДУШАНБЕ, 19.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Моҳияти таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар муассисаҳои тандурустӣ»- таҳти ин ном дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Тоҷикстандарт”) семинари омӯзишӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз “Тоҷикстандарт” хабар доданд, дар семинар зиёда аз 60 нафар намояндагони озмоишгоҳ ва муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, ки бо таҷҳизоти озмоишӣ фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Агентии “Тоҷикстандарт” таъкид гардид, ки имрӯз барои ҳифзи солимии омма таъминоти соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизоти муосиру ба талабот ҷавобгӯ дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва маблағгузориҳо ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол то сол афзун мешавад. Ҳоло дар мамлакат садҳо озмоишгоҳ дар сохтори беморхонаҳо фаъолият доранд, ки вазифаи онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ташхис ва муайян кардани бемориҳо мебошад. Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор, мутаассифона, ҳоло ҳам дар ин самт мушкилиҳо ҷой дошта, дар бештари озмоишгоҳҳо истифодаи таҷҳизоти муосир ва сифати хизматрасонӣ қонеъкунанда нест. Дар як қисми ин муассисаҳо таҷҳизоту технология кӯҳнаву аз санҷишӣ метрологӣ нагузаштаанд.
Дар идомаи семинар мутахассисони соҳаи метрологияи Агентии “Тоҷикстандарт” иброз доштанд, ки метрология дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, ҳар лаҳза инсон бо метрология сару кор дорад. Санҷишу истифодаи дурусти таҷҳизоту воситаҳои ченак дар соҳаи тиб низ воситаи таъмини солимии аҳолӣ мебошад. Воситахои ченак, ба монанди вазн, қувва, фишор, ҳаракат, дарозӣ, ҳаҷм, кунҷ ва дигар воситаҳои ченак бояд сари вақт дар муҳлати муайяншуда аз санҷиш гузаронида шаванд. Би ин восита тандурустии сокинон таъмин карда мешавад. Гуфта шуд, ки мутахассисон бояд таҷрибаи баланди корӣ дошта бошанд ва ё ҳар як воситаи ченакро дурусту дақиқ аз худ карда, ҳангоми санҷишу ташхис масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Зимни семинар ҳозирин доир ба як зумра масъалаҳо оид ба дурусту самаранок истифода бурдани воситаҳои ченак дар соҳаи тиб машварат анҷом доданд. Миёни намояндагони муассисаҳои тиббӣ ва мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” саволу ҷавоб доир шуда, барои баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ ва омӯзишу дуруст истифода бурдани таҷҳизоти озмоишии тиббӣ пешниҳоду андешаҳо баён гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






