Баррасии зарурати фаъолияти равоншиноси мактабӣ дар барномаи «Бозтоб»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонон пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллат аз онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа дар ҳама давру замон вуҷуд дошта, барои ташаккули дониш ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Яке аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии насли ҷавон- ин аз овони наврасӣ дар фазои ором тарбия намудани ҷавон ва аз таъсири ҳама гуна зуҳуроти манфӣ ҳифз намудани мафкураи ӯ ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит зарурати тақвият додани фаъолияти равоншиносон, бахусус равоншиносони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) ба миён меояд.
Зарурати фаъолияти равоншиносон дар МТМУ-и мамлакат ва омилҳои зӯроварӣ дар муассисаҳои мазкур 18 декабр, соати 09:30 (асл) ва 17:30 ва 21:30 (такроран) дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» аз Радиои «Ховар» рӯйи мавҷи 101,5 Fm дар таҳияи муҳаррир ва масъули барнома Манижа Баҳромзода баррасӣ мегардад.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






