«Беҳтарин шоҳмотбози сол». Дар Бадахшон 40 нафар барои ба даст овардани ин унвон талош меварзанд

Декабрь 11, 2019 12:03

ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мусобиқаи «Беҳтарин шоҳмотбози сол» оғоз гардид. Баъди як ҳафта маълум мегардад, ки кадом иштирокчӣ  шоҳмотбози рақами яки вилоят эълон мегардад. Ин мусобиқа бо ибтикори ширкати «Шарқ Ко» ҳамасола моҳи декабр баргузор мешавад.

Намояндаи ширкати мазкур Иқбол Нурмамадов гуфт, ки “баробари ба роҳ мондани дарси шоҳмот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ теъдоди довталабони мусобиқа рӯ ба афзоиш ниҳод. Имсол бештар аз 80 нафар шоҳмотбози ҷавон дархост пешниҳод намуданд ва ҳайати ҳакамон 20 нафар фаъолашро интихоб карданд”.

Сардовари мусобиқа Вафо Нурмамадов ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон ва дастгирии пайвастаи шоҳмотбозони навраси вилоят  ба ширкати «Шарқ Ко» изҳори сипос карда, гуфт, ки “бо кумаки ин ширкат шоҳмотбозони вилоят пайваста дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат менамоянд. Соли гузашта Алишер Мамадаёзов шоҳмотбози беҳтарини вилоят  шумурда шуд. Дар мусобиқаи имсола ду нафар аз шоҳмотбозони маъруфи ҷумҳурӣ Олуча Ҷумъаев ва Тоҳир Мақсудшоев низ ширкат мекунанд ва аз ин рӯ мусобиқа ҷолибтар сурат хоҳад гирифт”.

Бояд гуфт, ки ба ғолибони мусобиқа дар баробари ҷоизаҳои асосӣ ҳамчунин мукофоти пулӣ низ тақдим карда мешаванд.

Декабрь 11, 2019 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд