БОНКИ МИЛЛӢ. Дар Форуми байналмилалии Душанбе технологияҳои муосири пардохтӣ ва амалияи истифодаи онро баррасӣ намуданд

Декабрь 7, 2019 09:16

ДУШАНБЕ, 07.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  6 декабр дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташвиқу тарғиби истифодаи технологияҳои муосири ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам намудани ҳаҷми истифодаи пули нақд дар муомилоти пулии мамлакат Форуми байналмилалии “Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ” баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни Форуми байналмилалӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова иброз дошт, ки ҳадафи асосии ташкили он фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати табодули таҷриба дар самти татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ дар бахши хизматрасониҳои пардохтӣ, муаррифии дастовардҳои ташкилотҳои қарзӣ дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ буда, он метавонад барои рушди минбаъдаи бозори хизматрасонии пардохтӣ такони ҷиддӣ бахшад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз бахши молиявӣ-бонкии иқтисодиёт, пештар аз ҳама, ба навигариҳои технологияҳои рақамии муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ пурсамар истифода мебарад.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар мавриди афзалиятҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ гуфт, ки “аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тариқи татбиқи тахнологияҳои муосири пардохтӣ, мукаммалсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори низоми пардохт муайян гардидааст. Аз ин сабаб, бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ ва кумак ба фаъолияти муттасили низоми пардохт Бонки миллии Тоҷикистон барои навсозии низоми пардохти мамлакат ва мукаммалгардонии заминаи меъёрӣ — ҳуқуқии он корҳои зиёдро анҷом дода истодааст”.

Зикр гардид, ки рушди технологияи муосири пардохтӣ барои давлати мо яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб ҷиҳати тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла хизматрасонии бонкии фосилавӣ, афзоиши теъдоди пардохтҳое, ки тариқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва воситаҳои электронии пардохт анҷом дода мешаванд, тақвияти эътимод ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар робита ба ин, бо назардошти рушди босуръати бозори хизматрасониҳо ва инфрасохтори низоми пардохт омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадами иштирокчиёни фаъоли бозори хизматрасониҳои пардохтии кишварҳои рушдёфта муҳим дониста мешавад.

Дар идомаи кори Форум муовини Директори генералии НСПК “МИР” Бочкарев С.В. ҳамгироии НСПК “МИР” ва НП “Корти миллӣ”, аз ҷумла ҷараёни ҳамгироӣ ва гузаронидани амалиёт тавассути корти яке аз бонкҳои Федератсияи Россия тариқи протссесинги НП “Корти миллӣ”-ро дар назди ҳозирин муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон дар кори Форум Президенти низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” Кирилл Палчун, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Файзуллозода, сардори шуъбаи низоми пардохти Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Фурқат Раҳматов, сармутахассиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Салоҳиддин Мирзоахмедов ва намояндагони ташкилотҳои қарзии мамлакат доир ба мавзӯъҳои “Низоми пардохтии байналмилалии “ЮНИСТРИМ”, “Шарҳи рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имкониятҳои ҳамкорӣ, Нақши дастрасии (фарогирии) молиявӣ ва иқтисодиёт”, “Рушди инфрасохтори ғайринақдӣ”, “Рушди экосистемаи ғайринақдӣ”, “Рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, UPI Develiper platform”, “Ташкили портали ягона барои пардохтҳои фосилавии хизматрасониҳои давлатӣ” ва “Ҳамёни электронӣ ҳамчун воситаи ҳамоҳангсоз байни бонкҳо ва операторони алоқаи мобилӣ” рӯнамоии худро манзури аҳли нишаст намуданд.

Форуми мазкур соли сеюм аст, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарияти Бонки миллӣ,  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, операторони алоқаи мобилӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.

Декабрь 7, 2019 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
«Модернизатсияи захираҳои ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–пешбурди самараноки сиёсати пулию қарзӣ» рӯнамо гардид
Гармхонаҳои инноватсионии шаҳри Леваканд фаъолияти босамар доранд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи панаврупоии СҶТ оид ба иқлим ва тандурустӣ иштирок намуд
Шуруъ аз 16 июн байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим анҷом дода мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7403 то 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе вобаста ба таҳия намудани санади Гурӯҳбандии лоиҳаҳои «сабз» ҷаласаи Гуруҳи корӣ доир шуд
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?
Дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ оғоз гардид
То моҳи июн дар Тоҷикистон дар беш аз 182 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шудааст
Дар Душанбе вобаста ба рушди мониторинги обҳои рӯизаминии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид