Ҳайати Тоҷикистон дар Конфренсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд

Ноябрь 14, 2025 11:23

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11–12 ноябр дар Парки технологии шаҳри Мински  Ҷумҳурии Беларус Конфренсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода иштирок  намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода иброз намуд, ки рушди экосистемаи инноватсионӣ ва ҳамкории самарабахш байни  донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва бахши хусусӣ омили муҳимми рушди устувори иқтисодиёти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030 аҳамияти хосса медиҳад, ки ҳадафи он ташаккули фазои ягонаи илмӣ ва технологӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.

Ҳамчунин  иброз  гардид, ки масъалаи тиҷоратӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва конструктории таҷрибавӣ (НИОКР) яке аз самтҳои муҳим боқӣ мемонад. Дар ин замина, як қатор мушкилот ва дурнамоҳои ҳамкорӣ дар доираи кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла зарурати таҳкими механизмҳои дастгирии инноватсияҳо, ҷалби бештари бахши хусусӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотии байнимарзӣ.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ба мубодилаи таҷриба, густариши робитаҳои ҳамкорӣ ва татбиқи амалӣ намудани ташаббусҳои муштарак дар соҳаи илм, технология ва инноватсия мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

                         

Ноябрь 14, 2025 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад