БОЗИИ МИЛЛИОНҲО. 10 декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии футбол

Декабрь 10, 2019 13:04

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи  умумиҷаҳонии футбол ҳамасола 10 декабр  таҷлил карда мешавад.  Ҳоло дар ҷаҳон бозии футбол ҳаводорони зиёд дошта, аз оммавитарин навъи варзиш маҳсуб мешавад. Дар  Тоҷикистон бозии  футбол пешрафтатарин соҳаи варзиш маҳсуб шуда, байни наврасону ҷавонон  аҳамияти махсус пайдо намудааст.

 Бо мақсади  рушди бозии футбол 26 майи соли 2017  дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид. Дар ин   марҳила Барномаи давлатии рушди футбол самти асосии фаъолияти худро ба муҳайё намудани шароити мувофиқ барои рушду инкишофи футбол, ташвиқу тарғиби он миёни аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон равона намудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Кумита дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мунтазам чорабиниҳои дахлдор амалӣ намуда, баҳри  муҳайё сохтани шароити мусоид барои машғулият ба футбол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбута, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш тадбирҳои махсус андешида  истодааст.

“Соли равон дар ҷумҳурӣ  Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон (U-13, U-14, U-16, U-17 ва U-18) дар се марҳила аз моҳи апрел то ноябр доир гардида,  марҳилаи ниҳоии он дар шаҳри Душанбе ва Ҳисор баргузор гардид.

Инчунин байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин-2019» дар се марҳила (марҳилаи аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи дуюм дар сатҳи ВМКБ, вилоятҳо ва минтақаҳо ва марҳилаи сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ) баргузор гардид.

Баҳри рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва маъруфияти бозии футбол дар ҷумҳурӣ аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии футболи кӯдакона доир гардид. Инчунин фестивали футболи духтарон 11 октябри соли равон  доир карда шуд, ки дар он зиёда аз 140 нафар наврасдухтарон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд”,- иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Соли  нуҳум аст, ки зери сарпарастии ширкати «Мегафон» мусобиқаи футбол байни хонандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» баргузор шуд. Ғолибони мусобиқоти мазкур — дастпарварони мактаб-интернатҳои ВМКБ ва шаҳри Душанбе дар марҳилаи ниҳоии он дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Давоми 11 моҳи соли равон  дар шаҳри Душанбе  55 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ ба истифода дода шуда, аксари майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 122 варзишгоҳҳои замонавӣ бо ҷойи нишаст ва 6 ҳазору 619 майдончаи варзишӣ барои бозии  футбол мавҷуд мебошанд.    Дар  онҳо 29 даста дар Лигаи олӣ ва якум, 585 дастаҳои дӯстдорон ва 6 дастаи мунтахаби футболбозон фаъолият мекунанд.  Дар  маҷмӯъ дар ин ҷойҳо 11 ҳазору 850 нафар футболбозон ба варзиш фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсусгардонидашудаи футбол ва 1 академия фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврас ва ҷавон фаро гирифта шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон давоми  солҳои охир назаррас буда, ҷиҳати рушди футбол дар арсаи байналмилалӣ саҳми калон мегузорад. Баланд гардидани баҳогузории рейтинги футболи Тоҷикистон дар феҳристи Федератсияи футболи ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Солҳои  охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди футбол бештар гардидааст.

Имрӯз футбол  «Бозии №1»,  шоҳи варзиш ва бозии миллионҳо ном бурда мешавад.

Декабрь 10, 2019 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. Имрӯз дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» бо ҳам бозӣ мекунанд
9 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam -2025 иштирок мекунанд
Ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо «Истиқлол» ба Душанбе омад
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон бо дастаи занонаи Узбекистон бозиро мусовӣ кард
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд