«БРЕНДИ СОЛ-2019». «Бонки Эсхата» соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Декабрь 25, 2019 08:52

ДУШАНБЕ, 25.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол 2019» соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид. Ҷоиза дар маросими тантанавӣ ба директори филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Душанбе Фурқат Ҳасанов супорида шуд.

Тавре сардори Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Акбар Назаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Мояи хушнудӣ ва ифтихор аст, ки ҶСК «Бонки Эсхата» соли 2019-ро бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2019» ҷамъбаст менамояд. Мо шодем, ки комиссияи озмун моро лоиқи ҷоизаи тиллоӣ донист, ки аз идоракунии самараноки бренд дарак медиҳад. Чунин дастовард бори нахуст ба даст наомадааст, солҳои қаблӣ низ дар озмун ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гашта будем. Ҳамаи ин ба шарофати эътимоди мизоҷон имконпазир аст. Мо кӯшиш менамоем, ки минбаъд низ баҳри таъмини дастрасии хизматрасониӽои бонкии баландсифат ба аҳолӣ фаъолият намоем».

Ба андешаи номбурда, бренди муваффақ бояд доимо сатҳи баланди хизматрасониро, ки ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ аст, тасдиқ намояд. Иштирок дар озмуни мазкур обрӯи ширкатро баланд бардошта, маъруфияти бонкро миёни сокнинони кишвар зиёд ва ба болоравии рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ дар бозор мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» таҳти шиори «Қуллаи шараф» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

 

Декабрь 25, 2019 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад