Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» вазъи қарзҳои ипотекӣ ва монеаҳои рушди он дар Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои аҳолии миёнаҳол ягона воситаи соҳиби хона шудан маҳз қарзҳои ипотекӣ маҳсуб мешаванд. Вале буҳрони ҷаҳонии соли 2008 ба ин раванд таъсири манфӣ расонид.
Коршиносони масоили иқтисодӣ низ яке аз сабабҳои ба мушкил мувоҷеҳ шудани бонкҳои бонуфузро дар давлатҳои пешрафта маҳз ба зиёд будани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ рабт медиҳанд. Баъди таҷрибаи талхи соли 2008, ки дар натиҷаи буҳрони молиявӣ бархе аз бонкҳои бонуфузи Амрикову Аврупо муфлис шуданд, ташкилотҳои қарзӣ то кунун барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ аз эҳтиёт кор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳо қарзҳои ипотекӣ рушди босамар дошта, бо фоизи пасттарин (то 1,2%-и солона) ва муҳлати тӯлонии ҳатто то 100 сол пешниҳод мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аксарият хоҳиши доштани манзили беҳтар доранд, вале барои ин маблағи кофӣ намеёбанд. Дар чунин вазъ қарзҳои ипотекӣ ягона роҳи амалишавии орзуҳо барои соҳиби манзил шудан мебошанд. Вале бо таваҷҷуҳ ба он, ки фоизи қарзҳо дар ҷумҳурӣ баланду муҳлаташон хеле кӯтоҳ аст, самаранокии ин навъи қарзҳо ғайриимкон мебошад.
Ба андешаи таҳлилгарони масъалаҳои иқтисодӣ дар сурати аз 10 % боло будани қарзи ипотекӣ самаранокии он зери суол аст. Пас мушкил дар чист? Чаро фоизи қарзҳои ипотекӣ дар мамлакати мо баланд аст? Омили муваффақияти давлатҳои пешрафта дар ин самт аз куҷост?
Агар ба ин ва чандин суолҳои муҳими дигар ҷавоб ва оид ба вазъи қарзҳои ипотекӣ, ҳамзамон монеаҳои рушди он дар Тоҷикистон маълумот гирифтан хоҳед, ба барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар», ки 20 декабр, соатҳои 17:30 ва 21:00 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор пахш мегардад, гӯш фаро диҳед!