Дар Душанбе Анҷумани VII Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев Анҷумани VII ҳизби мазкур доир гардида, дар он раёсати нави ҳизб интихоб карда шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар Анҷуман масъалаҳои тасдиқи қарорҳои Шӯрои марказии ҲИИТ дар бораи ҳайати Шӯрои марказӣ, котиботи Ҳизб, сармуҳаррир ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Иқтисод ва Ҳаёт», қабули Барномаи пешазинтиоботии ҲИИТ, инчунин пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва умумиҷумҳуриявӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки имрӯз шумораи аъзои ҲИИТ зиёда аз 30 ҳазору 600 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 25 фоизаш занон мебошанд, ки бархе аз онҳо раис ва аъзои раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳру ноҳияҳоянд.
Бояд гуфт, ки Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2005 таъсис ёфта, дар раванди фаъоилияти худ дар интихоботи парлумонӣ ва президентии Тоҷикистон ширкат варзидааст. Ҳоло ин ҳизб дар 64 шаҳру ноҳияи мамлакат ташкилотҳои ибтидоии худро дорад.
«3 нафар аъзои ҳизб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум ва 12 нафар вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд интихоб гардиданд»,- гуфта шуд дар Анҷуман.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси ҳизб дар Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯз ба муҳокима гузошта шуданд. Инчунин намояндагони ин хизб дар Маҷлиси намояндагон ба қонунҳои нав ва дигар тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида хулосаҳо пешниҳод намуда, дар муҳокимаҳои миёнавӣ ва ниҳоии онҳо ширкат варзидаанд.
Вакилони ҳизбӣ рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати шашумро дар ҳайати 7 нафар тасдиқ намуданд.
Дар Анҷуман раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев бо хоҳиши худ истеъфо дода, бо овоздиҳии якдилонаи вакилони ҳизбӣ Рустам Қудратов раис, Машраб Файзуллоев муовини аввал, Ҳайдар Раҳматзода ва Сарвиноз Маҷидова муовини раиси ҲИИТ интихоб гардиданд.