Дар Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки ҳазорон нафар доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 декабр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки ҳазорон нафар варзишгарону дӯстдорони ин навъи бозиҳо доир гардид.
Дар маросими баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, варзишгарон аз минтақаҳои мамлакат иштирок намуданд.
Тавре қаблан хабар дода будем, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.
Фестивали мазкур аз ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ иборат буда, ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ 8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ 10 номгӯй бозӣ дохил мешаванд. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 20 март оғоз шуда буд. Марҳилаи дуюм 8 сентябр дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардид.
Тавре дар суҳбар сардори Раёсати тарбия ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров иброз дошт, ки даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи навъҳои варзиши миллӣ дониста мешавад. Дар доираи баргузори фестивал аз 8 намуди бозиҳои миллӣ варзишгарон ҳунарнамоӣ доранд…
(Гузориши муфассал аз ин Фестивал пешниҳод мешавад).








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






