Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии маҳсулоти эронӣ доир мегардад

Декабрь 13, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 21 то 24 декабр дар  Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегардад.

Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин, таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра маҳсулот пешниҳод менамоянд.

Инчунин илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсолии Эрон тоҷирону сармоягузорони ширкатҳои Эрон ва Тоҷикистон фурсати муносибе барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкории тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва маблағгузории муштарак хоҳанд дошт.

Ёдовар мешавем, ки охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон моҳи маи соли 2017 баргузор шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар он беш аз 20 ширкати эронӣ иштирок намуда буданд.

Декабрь 13, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад