Дар Хатлон бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсус ҷамъомади тантанавӣ гузаронида шуд

Декабрь 5, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсиси  Воҳидҳои таъйиноти махсус  дар Раёсати  Вазорати корҳои  дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз  маркази  матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  дар ҷамъомад сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода кормандони  ин соҳаро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик гуфт. Номбурда  иброз дошт,  ки «бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат ва вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  сол то сол беҳтар гардида, барои онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ  дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ин ҳама ғамхориҳо бо мақсади қадрдонӣ аз заҳмати шабонарӯзии  ин сарбозони ҳақиқии Ватан  роҳандозӣ мегардад».

Таъкид гардид, ки  ҳайати шахсии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар мубориза бо ҷинояткорон ва таъмини сулҳу оромӣ дар  мамлакат  хизматҳои беназир кардаанд.  Онҳо аз  рӯзҳои аввали таъсиси ин даста  то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.

Кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар муддати 24 соли фаъолият дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  барои безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузаронидани амалиёти махсус аксари ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ ва ошкор намудаанд. Дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон дода, қисмате аз онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ ҷони худро қурбон кардаанд, то амнияти мардумро таъмин намоянд.

Дар  фарҷоми  ҳамоиши тантанавӣ бо Фармони Вазири корхои дохилӣ беҳтарин кормандон барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан бо нишонхои сарисинагӣ, ифтихорномаҳо  ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 5, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд