Дар Кӯлоб сайёҳи хориҷиро наҷот доданд
КӮЛОБ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб як сайёҳи хориҷӣ аз марг раҳо ёфта, баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар ин бора мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи мазкур Шералӣ Холматов иттилоъ дод.
Ба иттилои мавсуф, 30 ноябр шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ви Неоҷунхуин ба беморхона интиқол ёфта, бистарӣ гардид. Сайёҳи хориҷӣ Ви Неоҷунхуин моҳи апрели соли равон бо дучарха ба саёҳат баромада, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Яхчипуни Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Ш.Шоҳин бинобар сабабе, ки дучархааш нуқсони техникӣ доштааст, афтида, аз қисмати косахонаи сар осеби вазнин дидааст.
Сайёҳи хориҷӣ нуҷумшинос ва физик буда, ҳангоми аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба самти Душанбе ҳаракат кардан ба ин садама дучор шудааст.
Айни замон бемор дар ҳолати беҳушӣ (комаи 1) ва бо гузариш ба комаи 2 қарор дорад. Ҷарроҳӣ 4 соату 10 дақиқа давом карда, он аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ — мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Шералӣ Холматов, ҷарроҳи асаб Одилҷон Шерматов ва номзади илми тиб Самад Ҳусайнов анҷом дода шудааст.
Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии минтақавӣ ва беморхонаи вилоятӣ бемор бо хӯрок ва дорувории ройгон таъмин карда мешавад. Айни замон бемор зери назорати қатъии духтурон қарор дорад.








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






