Дар Пекин байни Тоҷикистон ва Чин машваратҳои консулӣ баргузор гардиданд

Декабрь 6, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Пекин дар мавриди масъалаҳои консулӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин машваратҳо баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат Баҳодур Сафарзода ва ҳайати ҷониби Чинро Мудири кулли Идораи консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Суй Аймин роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳои мазкур ҷонибҳо вазъи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаи консулӣ баррасӣ карда, ба зарурати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории консулӣ миёни ду давлат таъкид намуданд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои низоми рафтуомади шаҳрвандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва моликияти шаҳрвандон, раванди таҳияи раводид ва дигар бахшҳои ҳамкории дуҷониба зоҳир гардид.

Акс аз ВКХ ҶТ

Декабрь 6, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид